Марги Диана Еникеева ва идомаи кӯчарӯбии омӯзгорон
Азамат Умаров, роҳбари пешини Раёсати маорифи халқии вилояти Самарқанд баъди марги омӯзгор Диана Еникеева ҳангоми роҳрӯбӣ, аз мансаб барканор шуд. Диана Еникеева ҳангоми рӯфтани роҳи мошингард зери чархи КамАЗ монда буд.
Яке аз омӯзгорони мактаб-интернати №62 дар шаҳри Самарқанд мегӯяд, мудири нав Азамат Умаров дар рӯзи нахустини кориаш — 18 май — кормандони мактаб-интернатро ба кӯчарӯбӣ баровард.
Миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар остонаи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Самарқанд мошини борбари КамАЗ омӯзгори 23-сола Диана Еникееваро зер кард. Еникеева ҳамроҳ бо ҳамкоронаш ба рӯфтани роҳи мошингард машғул буд. Баъди ин ҳодиса чанде аз мансабдорони вилояти Самарқанд, аз ҷумла роҳбари Раёсати маорифи халқии вилоят Азамат Умаров аз мақом барканор шуданд.
«Рӯзи 18 май ғайриинтизор мудири моро ба нафақа фиристоданд ва Умарови 60-соларо мудири нав таъйин карданд. Мудири пешин омӯзгоронро ба кӯчарӯбӣ намебаровард. Агар омӯзгорон рӯзҳои истироҳат ба пок кардани кӯчаҳо машғул шаванд, ин амал метавонад ба фаъолияти меҳнатиашон таъсири манфӣ расонад», — гуфт як омӯзгори мактаб-интернат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ