Марги директори мактаб аз коронавирус
Нодира Одинаева, директори мактаби рақами 58-и ноҳияи Рӯдакӣ аз бемории сироятии коронавирус ба ҳалокат расид. Шогирдон ва волидон ӯро яке аз педагогҳои муваффақ ном мебаранд. Дар бораи марги Нодира Одинаева корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук Мавҷуда Ҳасанова хабар додааст.
Нодира Одинаева соли таваллудаш 29.04.1974 буда, қаблан дар вазифаи директори гимназияи рақами 72-и шаҳри Душанбе, инчунин, муовини директори гимназияи рақами 74-и шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Мавҷуда Ҳасанова дар марги муаллима Одинаева чунин байтро навиштааст:
Хабари рафтани ту дар дили мо зилзила кард,
Ашк дар дида набуд — дидаи мо обила кард.
Осмон соф буд он рӯз мисоли дили ту,
Фасли кишт асту зи ҷаннат бирасад ҳосили ту.
Тибқи маълумоти расмӣ то шоми 18 майи соли равон дар маҷмуъ, шумораи сироятёфагон аз ин бемори коронавирус ба 1729 нафар расид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамчунин, теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус 41 касро ташкил медиҳад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 18 майи соли равон дар мамлакат 4016 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 407 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Вазорати тандурустӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ