Марги ду нафар дар пайи садама
Санаи 14.12.с.2016, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 53-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Душанбе” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Шаанси”, таҳти идораи ронанда, марди 27-солаи сокини ноҳияи Вахш бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 53-сола ва зани 51-солаи сокинони шаҳри Истаравшан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ