Марги ду нафар дар садама
Тахминан соати 18:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби барқӣ бархурдааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашина: ду нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷавонони 18 ва 19-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ба ҳалокат расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ