Марги фоҷиавии 5 нафар дар роҳи Душанбе-Айнӣ
Дар шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ боз як садамаи пурқурбонӣ рӯй дод. Бар асари он чанд нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳодиса 2 июл дар шоҳроҳи Душанбе -Айнӣ сар зада, аҳли як оила дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҷон доданд.
Гуфта мешавад, ки мард бо мошин ҳамроҳи зан ва се фарзандаш аз баландии 200 метр ба дарёи Зарафшон сарозер шудаанд.
Кӯдакони бар асари ин ҳодиса ба ҳалокат расида ҳафтсола, панҷсола ва дусола будаанд.
Ҷасади ҳалокшудан пас аз чанд соат аз дарёи Зарафшон пайдо карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ