Марги фоҷеавии шоири ҷавон Ромини Музаффар
Дирӯз дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент шоири ҷавон Ромин Музаффари Суғдзод дар синни 35 солагӣ ба таври фоҷевӣ ҷон дод. Номбурда, фарзанди шоири ҷавонмарг Музафффар Суғдзод буд ва дар деҳа омӯзгорӣ мекард. Дар мавриди ҷавонмарг шудани Ромин шоир ва журналист Кӯҳзоди Фатҳулло хабар дод.
Ба итттилоъи Кӯҳзод Ромин ҳангоми тоза кардани шохаҳои зиёдатии дарахти чормағз ба замин афтода ба ҳолати назъ гирифтори мешавад. “Бо вуҷуди бад будани ҳолаш бо ҷонталошӣ телефонро гирифта ба модараш занг зада мегӯяд: «Модарҷон, биёед, аз дарахт афтидам, мемурам» . Модар ҳамроҳи хусури Ромин то ба сари замин меоянд, ки шоири ҷавон ҷон ба ҷонофарин супоридааст.”- мегӯяд Кӯҳзод.
Ромин Музаффари Суғдзод 18-уми ноябри соли 1983 дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 2006-2011 дар факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода таҳсил намуда, бо ихтисоси китобдор, библиограф, омӯзгор донишкадаро хатм намудааст.
Муддате мудири китобхонаи илмии ҳамин донишкада шуда кор кардааст. То рузи маргаш дар зодгоҳаш омӯзгорӣ мекард. Ромин иштирокчии озмуни ҳафтаномаи “Тоҷикистон” “Килки сабз” буд ва аз зиндагӣ умедҳои зиёд дошт.
Ба иттилоъи наздикони марҳум аз Ромин ду писар ятим монд.
Аҳли қалами сомонаи “tajikistantimes.com” аз марги Ромин Музаффари Суғдзод андӯгин буда, ба наздиконаш сабри ҷамил мехоҳанд ва чанд шеъре, ки марҳум ба унвони озмуни “Килки сабз” фиристода буд пешкаши шумо мегардонанд.
БЕДОРӢ
Тилисми зиндагиро бишкану аз он баро, ҷоно,
Ки дунё ҳамчу зиндонест баҳри оқилу доно.
Дар ин дунё ба кори бад амалкардан хато бошад.
Кадам сӯи Сирот-ал-мустақим мону сано хоно.
Вуҷудат об деҳ ҷоно, ту худ бо тоъати Яздон,
Бисозад дур ҷисматро зи кору бори шайтоно.
Тафаккур кун барои чӣ дар ин дунё туро овард,
Магар мисли шикамсерию хуфту хоби ҳайвоно.
Худ ин кори хатое ҳаст, на ҳам як манфиат дорад,
Ба гуфти Ҳақ амал бинмо, ба боғаш зан ту ҷавлоно.
Мапарто аз забонат ҳеҷ гаҳ Ромин, ту зикри Ҳақ,
Ки то корат расад бар сӯфию муллою мавлоно.
МАПУРС АЗ ҲОЛИ МАН
Масту ҳайрону парешонам, мапурс аз ҳоли ман,
Ин қадар дар банди зиндонам, мапурс аз ҳоли ман.
Зиндагӣ карда маро дар банди худ зиндониаш,
Дур аз ту, моҳи тобонам, мапурс аз ҳоли ман.
Ишрату айши ҷаҳонро бе ту натвонам чашид,
Зинда будан бе ту натвонам, мапурс аз ҳоли ман.
Офтоби зиндагӣ ҳам нури чашмонам туӣ,
Рӯҳбахшӣ бар тану ҷонам, мапурс аз ҳоли ман.
Оқибат Ромин шуда роми ту андар зиндагӣ,
Ман зи баҳри ту ғазалхонам, мапурс аз ҳоли ман.
СӮЗИ ФИРОҚ
Ман бандаяму ба банди зулфаш натанидам,
Он қомати зебою рухаш сер надидам.
Ошуфтадилу хаставу бемор манам ман,
Аз қаҳру ғаму ғуссаи қаҳраш натапидам.
Гаҳ сераму гаҳ ташнаи он оби равонам,
Як ҷуръа аз он замзами лаълаш начашидам.
Булбул, ки зи бӯи гули тар маст бигардад,
Боре зи гулу атри сабӯяш нашамидам.
Монандаи шамъ сӯхтам аз сӯзи фироқаш,
Дар ҳасрати онам, ки ба кӯяш нарасидам.
ИНСОНИ ХУДХОҲ
Булбуле шӯр ба дил аз ғами гул нола кунад,
Ё ки анқо ба сари кӯҳ шинад, лона кунад.
Аз даву този ҷаҳон хастадилон бисёранд,
Инси худхоҳ бубин, дабдабаи хона кунад.
ДИЛ
Диле дорам ба ҳар дилбар бисӯзад,
Барои ошиқи музтар бисӯзад.
Даруни ин дилам пур аз муҳаббат,
Сухан гӯям, агар минбар бисӯзад.
ҶИГАР
Ин дил ба ёдат, эй ҷигар, фарёд мезанад,
Ҳар лаҳза меҳрубониат бар ёд мезанад.
Эй ёри ҷон, ту то абад бо ман ҳаме бимон,
Гар н-ойӣ , орзуи ман бар бод мезанад.
ДУНЁИ ДИЛ
Дунёи дилам ҷои ту бошад доим,
Эй ёр ба ин манзили худ пой гузор.
Аз шаҳди лабони худ насибам гардон,
Солим бишавам, агар ки бошам бемор.
ПАДАРҶОН
Эй падарҷонам, падарҷонам, падар,
Рафтиву ҳаргиз намеоӣ дигар.
Рафтиву ёди ту бо ёди ман аст, То қиёмат дон, дуогӯят писар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ