Марги Футболбоз занаш: ӯро куштанд, мақомот: асос нест!

 

Як ҳафта аст, ки хабари кушта шудани қассоби ҷавон ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифтааст. Чуноне ки мегӯянд, хабари шум  тез паҳн мегардад, илова бар ин дар дунбол ҳазору як росту дурӯғ дорад. Дар содир шудани ҷинояти  мазкур  низ саду як тахмину гумон ба гӯш мерасад.

Яке мегуфт: “гадо душмани гадо гуфтагӣ барин” яке аз футболбозон дар охирин бозии футбол гапаш бо Музаффарҷон гурехтаасту доим нияти қасос гирифтанро доштааст. Дуюмӣ мегуфт, ки марҳум қасоб аст, доим дар кисааш пул буду охираш пулҳояш сарашро хӯрд. Сеюмӣ  кушторро ба кори дасти авбошону кӯчагардон рабт медод. Барои асли ҳодиса ва сабабро бевосита аз забони наздикони марҳум шунидан мо роҳ пеш гирифтем сӯи хонаи эшон…

                                   Беадолатӣ  дар кӯчаи Одил

Раҳораҳ ҳар нафари пешомадаро пурсон мешудем, ки “хонаи марҳум қассоб дар куҷо?” бо вуҷуди он ки бегонаанд, мисли худиҳо оҳи бадарде кашида, роҳро нишон медоданд. Ниҳоят, ба ҷойи ҳодиса расидем, ки он ҷо  “Кӯчаи Одил” ном дошта, дар наздикии масҷиди Одили  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ҷойгир будааст.                      Баробари аз дарвоза ворид шудани мо рангу рӯи зани марҳум — Наргиза Очиловаро дигар шуд ва пурсид: “Чӣ хабар овардед, қотили шавҳарамро ёфтанд?” Баъд аз шиносоӣ гуфт:” Як ҳафта боз  касе аз дар дарояд, умедвор мешавам, ки шояд ягон хабари нав оварда бошад. Ман журналист гуфтед, хурсанд шудам, гумон кардам, ки қотили  беимону бевиҷдони шавҳари фариштаю бегуноҳи маро медониста бошед…”

…Аммаи Нарзия- Меҳринисо моро ба хона хонд, то фориғтар суҳбат кунем. Баробари ба хона даромаданамон боз садои гиряву нолаи занҳо баланд шуд. Баробари садои нолаи занҳо пасттар шудан ба паҳлӯи Нарзия (ҳамсари марҳум) нишастем ва аз  ӯ шарҳи ҳодисаро пурсон шудам:

-Аввалан ҳамдардии моро қабул кунед, апаҷон. Мо ҳам ин хабарро шунида, сахт андӯҳгин шудем. Барои ҳамин ба хонаи шумо омадем, то аз забони  шумоён асли ҳодисаро фаҳмем…

-Инро ҷуз Худо ва марҳуму қотил каси дигар намедонад. Аз сар задани ҳодиса имрӯз расо як ҳафта сипарӣ шуд, вале то ҳол ҳатто аз ҷониби кормандони мақомот  оид ба гумонбар ягон хату хабар нест.

-Умедворем дар наздиктарин фурсат кормандони мақомот ӯро пайдо мекунанд ва мукофоти амалашро медиҳанд. Рӯзе, ки шавҳаратон аз хона баромада рафт, вазъияташ, яъне табъу саломатияш чӣ гуна буд?

-Хуб буд. Дар чеҳрааш ягон осори ғамгинӣ ё парешонӣ мушоҳида намешуд. Чун ҳамешагӣ хандидаву хандонида баромада рафт. Вақте пурсидам, ки чӣ хӯрок пазам, хандакунон “ҳарчӣ пазед, мехӯрем” гуфт.  Аммо ман аз он нигаронам, ки ҳамроҳ бо худ пули зиёд доштанд ва шояд ҳамон қотил барои пул шуда, ин кори ғайриинсониро амалӣ карда бошад? Ман аслан ягон бор ба пулу кисаи мардакам кордор нашуда будам ва аз куҷову чӣ миқдор будани пулҳояшро низ  намепурсидам. Вале шавҳарам, ки қассоб асту ҳамон рӯз барои харидани чорво (гов) рафта буд, медонам, ки пули зиёд доштанд. Шояд…

-Тақрибан чӣ миқдор буд?

-Ман ҳангоми пулшуморияшон бо кори худ ба хона даромада будам. Танҳо  чашмам афтода монд, ки дар як баста пулҳои 100 сомонӣ ва дар бастаи дигарӣ пулҳои 200 сомонӣ буд. Ба гуфтаи дигар аъзоёни оилаамон беш аз 4 000 сомонӣ. Охир ҳамон қотили ҳирс, ки чунин хоҳони пули бедардимиён будааст, бигзор шавҳарамро зада пулҳояшро гирад буд. Чаро Азроили ӯ мешавад?

-Аз кӣ фаҳмидед, ки ҳамсари шуморо ба ҳалокат расонидаанд?

айниям (додаршӯй) ба қайсингилам (хоҳаршӯй) занг зада мегӯяд, ки  “Музаффарро куштаанду мурдаашро дар морги назди девонахона” . Мӯътабар-қайсингилам ин гапро ба ман гуфт. Дар аввал шок шуда мондам. Ба ростии ин шумхабар бовар надоштам. Баъди он ки ҳамроҳии наздикон ба сардхона рафтему ҷисми беҷони Музаффарҷонро дидем, баъдан бовар ҳосил кардам, ки болу пари ман шикастааст.

Баъзеҳо мегӯянд, ки шавҳаратонро буғӣ кардаанд, бархеи дигар бар онанд, ки шавҳаратонро кордборон кардаанд. Ҳақиқат чист?

 —Не. Шавҳарам на бӯғӣ кардагӣ буду на коркуш. Намедонам, чӣ тавр шавҳари варзишгари солими ман ба як-ду зарбаи мушти касофатоваре фавтидааст. Вақте мо ба морг рафта, тамоми сару рӯй ва бадани шавҳарамро дидем, танҳо як парраи чашмаш каме сиёҳ шудаву лабонаш  осебдида буд. Тамом, дигар ягон ҷои аъзи бадани ӯ осоре надошт. Мисли пахта сап-сафеду бедоғу зарб буд. Шахсан ман тамоми бадани бегуноҳи ӯро  такрор ба такрор аз назар мегузаронидам, то донам, ки сутуни хонадони маро чӣ хел аз пой афтондаанд. Маълум буд, ки касе аз дасти росташ  сахт доштааст. Зеро Музаффарҷон, ки сафедпӯст аст,  андак зарба маълум мешуд. Ҳамон рӯзи наҳс низ чунин шудааст. Аз оринҷ болотари дасти ӯ кап-кабуд шуда буд. Вақтҳои футболбозияш ҳам гоҳо дар  дасташ кабудӣ пайдо мешуд, аммо ба ин андоза набуд.

-Бо Музаффар чанд сол зиндагӣ доштед ва чанд фарзанд доред?

-Аз соли 1998 боз бо Музаффарҷон зиндагии якҷоя доштем. Тӯли 20 соли оиладорӣ Худованд ба мо се фарзанд ато кард. Шавҳарам марди ҳам меҳрубон, ҳам хоксору ширинзабон буд. Тӯли 20 сол ягон бор  ба ман ё фарзандонамон гапи дурушт нагуфтааст. Тамоми маҳалла бо ҳавас ба оиладории мо менигарист. Аммо куҷо донам, ки ин хел беғамиҳои ман ғами якумра мегардад? Охир он қотиле, ки шавҳарамро кушт, чаро назад, накӯфт,  дасту пояшро нашикасту аз ҳаёт маҳруму се фарзанди ӯро ятим кард?

-Аксар занҳо қабл аз нохушиҳо “хоби шум” мебинанд. Ин гуна ҳолат ба шумо ҳам рух дода буд?

— 2-3 рӯз пештар аз ин ҳодисаи нохуш хоб дидам, ки дар миёнаи ҳавлиямон тобуте хобидааст. Дар гирди тобут мардони зиёде ҷамъ шудаанду онро бардоштанианд. Баъди он ки тобутро бардоштанд, он яктарафа шудааст, яъне як тарафи тобут вазнинӣ кардааст. Ин ва ба ҳамин монанд хобҳои даҳшатзоро ду шаб пайдарпай хоб дидам. Падарам, ки ду сол боз инсулт шуда хобидаанд, дилам хавотир аз он кас буд, ки мабодо риштаи умрашон канда шавад. Дар гӯшаву гумонам сутуни хонадонам набуд. Ӯ ҳатто дар фасли зимистон грипп намешуд, мардаки ман. Доимо бо варзиш, ки машғул буд, ҳеҷ гоҳ шикоят аз саломатияш надошт.

Ин хобамро ба аммаам — Меҳринисо гуфтам. Аммаам чеҳраашон ғамгин шуд, вале барои дили маро сиёҳ накардан лабханди сохтае карда, таъкин карданд, ки як каф биринҷро гиру “хобамро нек гардон” гуфта ба болои бом пош. Гуфтаи аммаамро кардаму гӯё тадбири хобро тағйир дода бошам, дунболи кору зиндагиям шудам. Бо ҳамин аз хоби дидаам ором шуда будам, дигар дар сарам ҳар хел хаёлҳои нохуш намеомад…

           Музаффарҷон домод не, писарам буд

Хушдомани марҳум, ки аз рӯзи марги ӯ то ба имрӯз ба қавли худаш оби дидааш нахушкидааст, мегӯяд:

-Аксаран келинҳо ва ҳам домодҳо сояи хушдоманро аз девор метарошанд. Вале домоди ман аз писаронам бештар ба ман меҳр дошт. Ҳатто, рӯзе, ки занг назанам,  бо вуҷуди он ки барои ӯ не, барои занаш ман модар мешавам, хавотирӣ кашида, худаш занг мезад. Ҳар ҳафта маро хабаргирӣ мерафт.  Ягон бор барои рафтуои ҳамсараш монеъ нашуда буд. Ҳатто, замони шавҳарам инсулт шуда, ба беморхона афтоданашон, домодам 11 рӯз аз назди он кас наҷунбида нигоҳубин кард.

           Маҳина: Зиёд мехоҳам қотили падарамро ёбанд

Маҳина Зарипова, фарзанди калонии Музаффар Зарипов буда,15 сол дорад. Ин духтар, ки дар кунҷи ҳавлӣ бо чеҳраи ғамбор бо ҳамроҳии ду-се ҳамсинфони барои фотеҳахонӣ омадааш менишаст, бо дили гумзада барои падар ба саволҳои мо ҳамагӣ як ҷавоб дошт: “Зиёд мехоҳам кормандони ҳифзи ҳуқуқ қотили падарҷонамро тезтар пайдо кунанду ҷазояшро диҳанд.

Ман- ку калонаму ба тақдир тан додам, аммо хоҳараки 4-солаам, ки аз ҳама бештар дадоҷонамро дӯст медошт, то ҳол фиребхӯрда дар хонаи бибиям нишааст. Мо ӯро барои он ки ба хона ояд, хоҳ нохоҳ падарамро суроғ мекунад аз хона дуртар бурдаем, яъне фирефтаем. Ин хоҳаракам доимо дар назди дарвоза нишаста, омадани падарамро интизор мешуд. Намедонам минбаъд ҳолу мову ҳоли ӯ чӣ мешуда бошад”.

Масъулин чӣ мегӯянд?

Сардори маркази матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов мегӯяд, ки   марги Музаффар Зарипов ҳамчун ҷинояти куштор ба қайд гирифта нашудааст. Зеро чунин ҳодисаҳо дар рафти гузаронидани ташхиси тиббӣ ҷиноӣ ё ҳодисаи нохуш буданашон маълум мегардад. Агар дар марҳум ҳолатҳои марги маҷбурӣ бошад, баъдан он ҳамчун ҳодисаи ҷиноӣ  аз ҷониби кормандони милитсия ба қайд гирифта мешавад. Вале ин ҳодисае, ки шумо дар назар доред, дар рафти гузаронидани экспертиза дар марҳум ягон ҳолати бо роҳи маҷбурӣ аз ҳаёт маҳрум кардан  қайд нагардидааст ва  ба мақомоти тафтишотӣ низ ирсол нагаштааст.  Аммо Анвар Муҳаммадиев, масъул оид ба корҳои экспертизаи судии вилоят  мегуяд, ки дар ҷасад изи зуроварӣ дида намешавад, вале  бо вуҷуди ин, корҳои тафтишотӣ нисбат ба марги Музаффар дар прокуратураи вилоятӣ идома доранд ва натиҷаи он пас аз даҳ рӯз муайян хоҳад шуд.

 

Фарзона Муродӣ,

Хуҷанд-Ғафуров-Хуҷанд

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *