Марги Гулмира худкушӣ буд ё?

Ҷасади Гулмира Аъзамоваро субҳи 24 феврал аз ҷарии зери купрӯки зодгоҳаш — деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ пайдо карданд. Волидонаш мегӯянд, ки ҳарчӣ шуд, аз Худо мебинанд ва думболи сабабҳои марги духтарашон, ки ҳамагӣ 24 сол дошт, намегарданд…

Ҷасади Гулмира Аъзамоваро соати ҳафту ними субҳи 24 феврал аз ҷарии зери купрӯк пайдо карданд. Ин купрӯкест, ки сокинони Хушекат тавассути он ба самти заминҳои кишташон мераванд.

Аммо Гулмира дар он субҳи барвақт дар сари ин купрӯк чӣ мекард?, дигар сиррест, ки ӯ бо худ аз ин дунёи фонӣ бурд. Ин сирро ҳам, ки чӣ иттифоқе он субҳ дар рӯи ин купрӯк уфтод, ки сабаби ба ҷарӣ афтидани ин зани ҷавонмарг шуд, дигар Гулмира медонаду Худо.

Падару модари Гулмира гуфтаанд, ки ҳарчӣ ба сари духтарашон омад, аз Худо мебинанд ва даъвое надоранд.

Шоира Бобоева, раиси ҷамоати Айнӣ, ки Хушекат тобеи ҳамин ҷамоат аст, мегӯяд, таҳқиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ягон аломати марги иҷбории Гулмираро ёфта натавонист: «Ҳамон рӯзу фардояш милисаҳо омаданд, пурсиданд, вале ягон далеле ки инҷо ягон зӯроварӣ шуда бошад, набуд. Ягон кас ягон даъво ҳам накардааст. Ин худкушӣ набуд, балки як фалокат буд. Пои Гулмира ғеҷидааст ва ӯ ба ҷарӣ афтодааст. Фалокат аз таги по мехезад, мегӯянд, рост будааст.”

Аммо бо гузашти 10 рӯз дар байни сокинони Хушекат фарзияҳои гуногуне дар бораи сабабҳои марги ин зани ҷавон гуфта мешаванд. Як фарзия матраҳ ин аст, ки Гулмира гӯё бо шавҳараш муноқиша карда ва сари қаҳр ба хонаи модараш бармегардад, вале модараш ӯро ба хона роҳ надода, бармегардонад, ки раву бо шавҳарат оштӣ кун.

Ин фарзия метавонад воқеият дошта бошад, чунки дар шароити ҷомиаи имрӯзаи Тоҷикистон аксари волидон дар чунин ҳолатҳо кӯшиш мекунанд, ки духтари худро ба хонаи шавҳар баргардонда, аз эҳтимоли ҷудо шудани онҳо ба ҳар роҳе пешгирӣ кунанд. Волидон мефаҳманд, ки зане ки дар Тоҷикистон аз шавҳар ҷудо мешавад, интихоби зиёде барои дуруст кардани зиндагии нав надорад, магар инки ҳамсари дуюм шавад ваё ба ягон марди солхӯрда издивоҷ кунад.

Аммо раиси ҷамоати Хушекат Шоира Бобоева мегӯяд, Гулмира бо шавҳараш мушкил надошт:»Шавҳари ӯ дар шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ кор мекунад ва марди хуб аст. Агар байни онҳо муноқишаву ҷанҷолҳо мебуд, гапаш то ба ҷамоат мерасид. Ягон бор дар бораи хушунату зӯроварӣ дар ин оила ба ҷамоат ягон даъвову шикоят наомадааст.”

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, беш аз 400 нафар, аксар занону духтарон қасди ҷони худ мекунанд. Беш аз нисфи ин худкушиҳо дар вилояти Суғд рух медиҳанд. Мушкилоти зиндагӣ, муноқиша дар хонавода ва гоҳо ҳатто як ҳарфи нобаҷо сабаби худкушиҳо мешавад.

Аммо иллати аслии марги Гулмира Аъзамова дигар сиррест, ки ӯ ҳамроҳаш ба гӯр бурд. Гулмира нафақат асрори маргаш, балки ҳазору як орзуҳои зиндагии чунин зуду дар чунин синни ҷавон қатъшудаашро бо худ зери хок бурд.

Як орзуи асосии Гулмира модар шудан буд ва, ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, рӯзҳои охир ӯ доруву укол гирифта, ҷиддан машғули табобат буд, ки ҳомила шавад. Ин орзу низ ҳамроҳи ин зани ҷавонмарг ба хок рафт…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *