Марги Ислом Каримов

Ҳукумати ӯро чӣ интизор аст?

Чанд рӯзи охир дар мавриди маргу зиндагии президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримов дар расонаҳо гуфтугузори зиёде  гардиш мекунад.  Ин ҳама сару садо аввал аз хабари расмии Ҳукумати Ӯзбекистон, ки дар мавриди бемории президент хабар расонд, оғоз гардид.

 Баъдан  сомонаи “Фергана.ру” хабар дод, ки “дирӯз тақрибан соати 15.00 вақти Тошканд  Ислом Каримов — президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз олам даргузашт”. Аммо баъдан  аз Дастгоҳи иҷроияи президент тариқи сомонаи РИА “Новости”  ва хабаргузории “Интерфакс”  ин  хабарро рад  карда, мегӯянд, ки ӯ танҳо дар бемористон бистарӣ асту халос. Аммо то кадом андоза ин хабар ҳақиқат дорад, ҳанӯз маълум нест. Қаблан духтари Каримов Лола Каримова –Тиллоева гуфта буд, ки падараш бар асари хунравӣ ба мағзи сар дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Тавре ки гурӯҳи мухолифини ҳукумати Ӯзбекистон  иттилоъ додаанд, Каримови солхӯрда   дар шабнишиние, ки ба муносибати бозгашти олимпичиёни ин кишвар бегоҳирӯзии 26 август дар бӯстонсарои “Дурман” ташкил карда шуда буд, якбора бемор шудааст. Аз рӯйи гуфтаи манбаъҳои гуногун Каримов аз муваффақияти варзишгарони кишвар хурсанд шуда,  аз ҳад зиёд шароб нӯшидааст. Баъдан вақти суҳбат бо роҳбари дастгоҳи худ Саломхон Ҳайдаров якбора беҳуш шудааст ва баъд аз расонидани ёрии аввалини тиббӣ ӯро ба беморхона бурдаанд.  Ногаҳон бемор шуда,  аз пой афтодани Ислом Каримов, раҳбари 78-солаи Ӯзбекистон сару садоҳоро баланд кардааст,  ки баъд аз марги ӯ   вазъи Ӯзбекистон чӣ мешавад ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ, ки Каримов аз лидерҳои он ҳисоб мешавад, чӣ  гуна хоҳад буд? Аксари таҳлилгарон, ки назари худро дар ин мавзӯъ  мегӯянд,  мушкили асосии  кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки даҳсолаҳо як раҳбар доштанд – ин набудани вориси қудрат аст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар давоми 25 соли роҳбариаш дар Ӯзбекистон Каримов чандин бор ба Қонуни Асосӣ дастдарозӣ карда, муҳлати роҳбариашро тамдид ва шеваи яккаҳукуматиро табдил ба як системаи давлатӣ кард. Қонуни Асосии Ӯзбекистон дар сурати корношоям шудан  ва ё марги президент ҳаққи роҳбариро ба души раиси палатаи болоии парлумони кишвар (сенат) шахси шинохтанашуда  Неъматулло Юлдошев вогузор мекунад, вале зоҳиран ин бор низ ин нишондоди Конститутсия иҷро нахоҳад шуд ва таҳаввулоти минбаъда аз рӯи сенарияи дигар ва бо иштироки афроди дигар таҳия ва татбиқ мешавад. Муҳимтарин нафар ё гурӯҳ онҳое буда метавонад, ки аввал шуда, хабари расмии маризӣ ва марги  президентро пахш карданд —ин  ҳукумат таҳти раҳбарии Шавкат Мирзиёев аст. Таҳлилгар Брюс Паннир мегӯяд, ки Мирзиёеви 58-сола, як намояндаи клани Самарқанд ва солҳои 1996-2001 раиси вилояти Ҷиззах, яке аз номзадҳои эҳтимолии аввал, вале на асосӣ арзёбӣ мешавад. Дар сурати сари қудрат омадани ӯ, ба андешаи нозирон, як раҳбари боз ҳам худкомаю  саркӯбгар  мешавад.  Номзади рақами ду – вазири молия Рустам Азимови 56-сола буда метавонад, ки аз Тошканд буда, аз соли 1998 ҳамеша дар мақомҳои марбут ба ин соҳа кор кардааст. Ӯро дар равобит бо хориҷа таҷрибаи бештар дошта, вазифаҳои  раиси Бонки миллӣ ва ҳам масъули равобит бо Бонки аврупоии азнавсозӣ ва рушд кор кардааст. Номзади эҳтимолии сеюм, вале хеле муҳиму қудратманд – роҳбари амалкунандаи Кумитаи амнияти миллӣ Рустам Иноятови 72-сола мебошад. Брюс Паннир менависад, ки  баъди дар соли 1995 омаданаш ба вазифа, ин намояндаи клани Тошканд дар асл нақши “раҳбари пасипардагӣ” ё “серый кардинал”-и ҳукумати Каримовро бозӣ кардааст. Иноятовро бисёриҳо дар саркӯбии духтари калонии президент Гулнора Каримова айбдор мекунанд, ки баъди соли 2014 маълум нест дар куҷосту чӣ ҳол дорад ва мисли пештара ҳатто дар интернет баромад намекунаду  нопадид гардидааст. То он замон маҳз Гулнораро бисёриҳо ҷойгири  эҳтимолии падар дар курсии президентӣ меномиданд.  Осиёи Марказӣ, агарчи аз шеваи зиндагии Шӯравӣ канор рафтааст, аммо як рукни он — овоза накардани ҳолати воқеии раҳбари давлатро ҳифз кардааст. Шояд ин бор низ роҳбарони Ӯзбекистон ба хотири рӯзи истиқлолияти кишварашон – 1 сентябр хабари марги президентро расман тасдиқ накарданд ва мехоҳанд танҳо баъди ин сана онро ба мардуми кишвар эълон кунанд. Ӯ зинда аст ва ё  аллакай мурдааст,  он қадар муҳим нест, муҳим он аст, ки дигар Ислом Каримов ба Ӯзбекистон роҳбарӣ намекунад

А. АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *