Марги Исматзода, тасодуф  ё худкушӣ?

  • Раҳмат Исматзода, судяи суди  олии иқтисодии Тоҷикистон шаби 9 декабр бар асари сарозер шудан аз ошёнаи чорум ба ҳалокат расид. Манобеи расмӣ мегӯянд, ки ин як тасодуф будва Исматзода калиди хонаро фаромӯш карда, мехост аз тиреза ворид шавад, вале афтид.
  • Аммо як манбаи огоҳ мегӯяд, Исматзода дар ҷои кор дар вазъи сахте қарор дошт ва худкушӣ кардааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳалокати судяи Суди олии иқтисодӣ Раҳмат Исматзодаро тасдиқ карданд. Раҳмат Исматзода, ки 54 сол дошт, шаби 9 декабр аз ошёнаи чоруми як бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе ба замин сарозер шуда, ҷон бохтааст.

Марги  Исматзода як амри тасодуф буд: «Ӯ он шаб калиди хонаашро фаромӯш карда, мехост, аз тиреза вориди манзили зисташ шавад, вале тасодуфан сарозер шуд ва бо сараш ба замин бархӯрда, дар ҳамон ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.”

Раҳмат Истматзода аз кормандони собиқадори Суди олии  иқтисодии Тоҷикистон буд ва дар соли 2015 барои давраи дуюми панҷсола судягӣ таъйин шуда буд.

Аммо дар ҳоле ки мақомот ҳалокати Раҳмат Исматзодаро як амри тасодуф меноманд, онҳое ки ӯро мешиносанд, ба ин фарзия бовар надоранд. Аввалан худи ин ки як марди он ҳам 54-сола кӯшиши аз тиреза даромадан ба манзилаш дар қабати чоруми биноро кунад, суолбарангез аст: «Магар ягон одами солимақл ба қабати чорум бо тиреза медарояд? Осонтар набуд, ки рафта калидашро биорад:? Ин ҳамаро барои ҳифзи обрӯ сохтаанд.”

Як ҳамсӯҳбати «Ахбор”гуфтааст,ки  Раҳмат Исматзода моҳҳои охир дар ҷои кораш дар як вазъи тоқатфарсо қарор дошт ва ба эҳтимоли ғолиб, худкушӣ кардааст.

Ӯ мегӯяд: «Ман бовар дорам, ки Исматзода худкушӣ кардааст. Аз вазъаш дар ҷои кор хеле афсӯрда буд моҳҳои охир. Мегуфт, ки раиси нави Додгоҳи олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода ӯро хеле азоб медиҳад, ҳалномаҳояшро бекор мекунад, дар назди додрасҳои дигар мазаммату шармсор мекунад. Аз рӯзи аввал мегуфтааст, ки шумо ҳамаат бесавод, як ҳалномаро дуруст навишта наметавонед. Хулоса, як фазои тоқатфарсое эҷод кардааст дар даруни Додгоҳи олии иқтисодӣ.”

Ҳамсӯҳбати сомонаи «Ахбор” гуфтаанд,ки Қаландарзода баъди омаданаш ба ин мақом ба вижа ду додрас – Раҳмат Исматзода ва Ховар Назарзодаро «чап” гирифт ва Ховар Назарзода дар ниҳоят ба ин фишорҳо тоб наоварда, бо ихтиёри худ ариза навишта аз кор рафт. Вале дар Президент  аз 8 май гуфта мешуд, ки Назарзода Ховар Муҳаммад «бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ бозхонд мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *