Марги кӯдаки 6 сола дар садама
23-юми майи соли 2017, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Омега”, марди 35-солаи сокини ноҳияи Шуғнон ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб-Қулма дар километри 671-уми роҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар тарафи рости роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашина: зани 33-сола ва писарбачаи 6-солаи сокинони ноҳияи Шуғнон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода мешаванд Пас аз чанд муддат писарбачаи хурдсол ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ