Марги марди 40 сола дар зери чархи «Опел-Астра»
Бино ба иттилои ВКД 16-уми майи соли 2017, тахминан соати 23:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», марди 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 40-солаи сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ