Марги нобаҳонгоми 5 ҷавони тоҷик дар ғарибӣ.

Тӯли ду рӯзи охир дар Русия ва Қазоқистон 5 шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар меди ҳанд.

Субҳи 25 уми феврал дар минтақаи Балабаново мурдаи як ҷавони тоҷикеро пайдо кардаанд, ки аз сарди дар даруни мошин ҷон додааст тибқи маълумоти муҳоҷирони ба кӯмак расида ин нафар Хусрав ном дошта, зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад.

Боз субҳи ҳамин рӯз дар яке аз манотиқҳои Қазоқистон мошини сабукрави Хонда бо мошини боркаш бархурдааст, ки дар натиҷа ронанда ва се мусофири мошини сабукрав, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ба ҳалокат расидаанд. Тибқи гузоришҳо мусофирони тоҷик ба самти Тоҷикистон сафар доштанд.

Солҳои охир ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон аз сабаби набудани ҷойи кор дар кишвар ба хориҷа сафар мекунанд то ризқу рӯзӣ пайдо кунанд.

Фалокатҳо дар ҷои кор, садамаҳои нақлиётӣ, сухтору ғарқшавӣ, ҳамлаи миллатгароёни рус, сабабҳои асоси марги муҳоҷирон ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *