Марги Осиф Ҷалолӣ – ҳаҷвнигори маъруфи афғон

Ҳунарпеша, ҳаҷвнигор ва муҷрии шинохтаи афғон Осиф Ҷалолӣ 1-уми январ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Кобул аз сактаи дил вафот кард. Дар ин бора журналисти тоҷик Фатҳиддини Замон дар саҳифаи фейсбукии хуб хабар дод.

Ӯ ҳар бор бо ибораи “Ассалому алайкум” рӯйи саҳнаи барномаи овозадори “Шабханд”-и телевизиони “Тулуъ”  баромада, то рӯ ба рӯ шудан ба дастгоҳҳои сабткунӣ бо дилхоҳ иштирокдорони барнома ҳар намуд бозиҳову суханпардозиҳо мекард.

Осиф Ҷалолиро дар Тоҷикистон бо яке аз лаҳзаҳои барномаи “Шабханд”, ки ҳамчун саҳнаи “Ҳар чушмаст, ки чароғи 2010 воре” маъруф аст, мешиносанд. Бояд гуфт, ки марҳум дар ин саҳнаи зиёдтар аз 5 дақиқагӣ бо суханбозӣ ва суханпартозии ҳунармандона духтари афғонро аз модараш хостгорӣ мекунад ва тӯли он дақиқаҳо аудитория ва худи иштирокдорони барнома лазҳае аз ханда боз намеистанд.   

Чун мо ин субҳ хабари бадро аз саҳифаи журналист Фатҳиддини Замон шунидем, бо эшон суҳбати кутоҳе анҷом додем.

— Фатҳиддини Замон, марҳум Осиф Ҷалолиро кӣ ё чӣ ба Шумо шиносонид?

— Маҳз радиои BBC-и дарӣ, Телевизиони Миллӣ, “Тулуъ” ва “Ориёно” ошноии манро ба ҳунари олии ҳаҷвнигории ӯ боз кардааст.

— Шумо шодравонро аз кай мешиносед ва бо кадом ҳунараш: ҳунармандӣ, ҳаҷвнигорӣ ё ровигӣ?

—  Беш аз 7 сол мешавад, ки ман ба дунёи танзи Осиф Ҷалолӣ ошно ҳастам. Танзнигорӣ ва ё ҳаҷвнигории ӯ дар синамову ҳунар дар Афғонистон ба монанди як устураи хаёлие буд, дар бозгӯи ҳақиқатҳои пинҳони зиндагии қавму миллатҳои Афғонистон зери либоси танз, ки дигар ҳунарпешагону ҳаҷвнигорон ин қудрати равонӣ ва мағзиро надоштанд. Ҳаҷвиёти кӯтоҳеро оид ба умури давлатдорӣ ва муносибати мардум бо мардум, ғалатҳо ва хатогиҳои сиёсатмадоронро ба тавре иброз медошт, ки атрофиён лаҳзаҳои бешумор механдиданд. Ӯ масалан дар як саҳнааш оид ба як курсие мегуфт, ки гӯиё танҳо касе дар болои он нишастаасту ҳокимиятро қабза кардааст ва ҳаргиз сар намедиҳад ва он курсии чубин нақши роҳнамоиро дар ҳаёти он роҳбар бозӣ мекунад. Ва ниҳоятан ин курсӣ аст, ки мансабдоронро ба сӯйи худ кашидаву девона мекунад ва ин курсӣ ҷинояткори аслӣ аст.

— Агар ҳамчун инсон гӯем, ӯро чӣ гуна мешиносед?

— Осиф Ҷалолӣ касе буд, ки «инсоният» дар синааш садо мезад бо азамати ҳаҷвнигориаш милиёнҳо нафар аз мардумони хоки зулматнишин ва ҷангзадаву ғамзадаи Афғонистонро шод месохт.

— Ӯ дар кишвари мо то кадом андоза шинохта шуда буд?

— Дар Тоҷикистон ӯ кам шинохта шуда буд, зеро то ҳол ягон нақш ва мазҳакаҳои ӯ то ҳол ба телевизмонҳо ва радиоҳои мо роҳ наёфтааст ва шояд андак одамон ба қудрат ва тавони ӯ дар ҷомеаи ҳунарӣ ва фикрии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карда бошанд.- Осиф Ҷалолӣ касе буд, ки «инсоният» дар синааш садо мезад бо азамати ҳаҷвнигориаш миллиёнҳо нафар аз мардумони хоки зулматнишин ва ҷангзадаву ғамзадаи Афғонистонро шод месохт.

— Осиф Ҷалолӣ ягон хусусияте дошт, ки танҳо хоси худаш бошад, яъне дар дигар ҳунармандону ҳаҷвнигорон ва роаиён дида нашавад?

— Яке аз хусусиятҳояш ин буд ки бо чандин забони роиҷи Афғонистон тасаллут дошт яъне форсӣ, ӯзбекӣ, пашту, урду, тоҷикӣ ва ҳатто англисӣ. Аз суръат, лаҳни калом ва суханронӣ хеле сареъ ва ҳамзамон оҳанги овози худро кӯдакона, инсони солманд, лаҳҷаи ӯзбекиву ҳазораву паштуву тоҷику ва ғайра музофотҳоро хуб иҷро мекард.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *