Марги пайдарҳами ду бародар — яке соҳибкор, дигаре милиса (аудио)
Дар шаҳри Хуҷанд давоми 4 рӯз пайиҳам ду бародарро ба хок супурдаанд. Исломҷон Қосимов ҳамагӣ 43 сол ва Бобоҷон Қосимов 47 сол доштаанд.
Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд марги ин ду бародарро талафоти сангину нобаҳангом барои сулолаи маъруфи Қосимовҳо донистааст.
“Ду нафар фарзандони нобиғаи давру замон, сарсупурдаи давлату миллат, собиқадори ВКД Обид Қосимов — Бобоҷон Қосимов ва Исломҷон Қосимов ҷавонмардони асил, меҳрубону ғамхор, тимсоли ҳақиқату адолат бар асари беморӣ давоми чор рӯз ин дунёро барои ҳамешагӣ тарк намуданд…”,- гуфтааст Маъмури Юсуфзод.
Марги пайиҳами ду фарзанд нафақат падари ғамзадаи онҳо, собиқадори милитсия Обид Қосимовро ғарқи мотаму андуҳ кард, балки якбора ҷавонмарг шудани ду бародар ҳатто онҳоеро ҳам, ки Исломҷону Бобоҷонро мешинохтанд, андуҳгину дилреш кардааст.
Марг аввал ҷони фарзанди хурдии Обид Қосимов — Исломҷонро гирифт, ки соҳибкор буд. Баъди 4 рӯз бародари калонии ӯ Бобоҷон Қосимов, ки касби падарро интихоб карда, дар мақомоти милитсия кор мекард, аз олам даргузаштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ