Марги се ҳоҷии тоҷик дар Макка

Дар шаҳри Макка се ҳоҷии тоҷик аз гармӣ ҷон додаанд.

Ба иттилои Кумитаи дини кишвар, ин се нафар дар ҳамон ҷо ба хок супурда мешаванд. Фавтидагон яке аз Душанбе, дигаре аз Хуҷанд ва сеюмӣ аз Фархор буда, ҳоло ному насаб ва синну соли онҳо маълум нашудааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, бинобар гармои тоқатфарсо дар Арабистон беш аз 900 зоир фавтиданд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Мисранд.

Аз рӯи маълумоти расмӣ имсол аз 22 давлати дунё беш аз 1,6 миллион нафар адои фарз (зиёрати Макка ва Мадина) кардаанд, ки 220 ҳазори онҳо сокинон ва шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *