Марги се куҳкан дар ноҳияи Айнӣ
Се нафар бар асари фурӯ рафтани замин дар кони «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ ҷони худро аз даст доданд. Ҳодиса 17-уми январ рух додааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҷабрдидагон 47, 42 ва 41 сол дошта, ҳангоми ҳодиса дар дохили кон кор мекарданд.
Айни ҳол маълум нест, ки онҳо аз кадом минтақаи кишвар буданд.
Ҷасади ҳалокшудагон ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ интиқол дода шудааст. Мақомот сабабҳои рух додани ин фоҷиаро таҳқиқ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ