Марги шаш нақбкан дар Бодканди Қирғизистон

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон дар нақбҳои шаҳри Қизил-Киӣ ва Сулюктӣ шаш одам фавтид.

Дар ин бора кормандони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар доданд.

Ин фоҷиа дар нақби Қизил-Киӣ рӯзи 6 октябр рух дод ва боиси марги 3 одам шуд. Ҷузъиёти дигари ҳодиса хабар дода намешавад.

Ҳодисаи нақби шаҳри Сулюктӣ 5 октябр рух дода, ҳамчунин боиси марги 3 одам шуд. Гуфта мешавад, ҳамаи фавтидаҳо аъзои як оила будаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон то кунун ҳодисаро шарҳ надодааст.

Мақомоти Қирғизистон, дар соли 2017 дар маҷмуъ дар нақбҳои он кишвар 26 садама ё ҳолатҳои фавқулода ва марги 24 одам сабт шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *