Марги шавҳар аз дасти зан
Дар Панҷакент ҷавонзани 19-сола бо гумони куштори шавҳари 27-солааш дастгир шудааст.
Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, гумонбаршаванда 10-уми марти соли равон, тахминан соати 09:00, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш марди 27-сола ҷангҷол кардааст.
“Бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани шавҳараш бо корд як маротиба ба қафаси синааш зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст”,- хабар медиҳад манбаъ.
Ҳоло назари гумонбар оид ба ин ҳодиса дастрас нест ва ба иттилои ВКД, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ