Марги шоҳин қочоқчиёнро фош кард

Бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи 27 шоҳини шикорӣ ба Имороти Араб ба ҷуз аз корманди гумруки фурудгоҳи Душанбе Анвар Сафаров боз Мансур Умаров, як сокини кӯчаи Мирзо Мастонгулов дастгир шудааст.

Ин паррандаҳоро қочоқӣ ба ҳавопаймо бор кардаанд, вале ҳалокати 7 шоҳин ҳангоми парвоз ба Дубай боис шудааст, ки қазия фош шавад.

Марги 7 шоҳини шикорӣ дар ҳавопаймои ширкати «Fly Dubai” сабаб шуд, ки як шабакаи густардаи қочоқи паррандагони нодир аз Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ ошкор шавад. Ин паррандаҳоро шаби 11 ба 12 сентябр дар охирин лаҳзаҳои қабл аз парвози ҳавопаймо бо мусоидати корманди гумруки фурудгоҳи Душанбе Анвар Сафаров ва кормандони бахши амнияти авиатсионии фурудгоҳ ба ҳавопаймо бор кардаанд. Ба пурсиши ҳаммолоне, ки машғули бор кардани бағочи мусофирон ба ин ҳавопаймо буданд, дар бораи чаро ягон бирка надоштани ин бор кормандони бахши амнияти авиатсионӣ кӯтоҳ посух додаанд, ки «ин бори махсус аст.”

Манбаи сомонаи «Ахбор” мегӯяд, ин 27 паррандаро дар тӯли тобистон аз Бодканду Ӯши Қирғизистон ва Шаҳритӯсу гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҷамъоварӣ карда, дар манзили Мансур Умаров дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов дар канори фурудгоҳ нигоҳ медоштанд.

Манзили Умаров аз ҷумлаи се манзили баҳсиест, ки дар замини марбут ба фурудгоҳ, дар наздикии қароргоҳи ҳавопаймои президенти Тоҷикистон сохта шудаанд ва бо ҳукми додгоҳ бояд тахриб мешуданд. Умаровҳо ва ҳамсояҳои онҳо Бекуловҳо ва Даминовҳо бо фурудгоҳ дар масъалаи сарнавишти манзилҳояшон баҳси тӯлонии додгоҳӣ доштанд, ки дар ниҳоят ба фоидаи фурудгоҳ анҷом ёфт.

Манбаи «Ахбор” мегӯяд, як сабаби ба ҳифзи манзилаш дар канори фурудгоҳ исрор варзидани Мансур Умаров қулай будани ин манзил барои корҳои қочоқие буд, ки ӯ тавассути фурудгоҳ анҷом медод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати «Ахбор”, шаби 11 ба 12 сентябр 27 шоҳинро аз манзили Мансур Умаров дар мошин бор карда, ба назди амбори молҳои тиҷоратии фурудгоҳ овардаанд. Дар инҷо, барои онки рақами мошин дар дурбини камераҳои назоратӣ наафтад, рақамҳои мошинро мегиранд ва сипас шоҳинҳоро бидуни анҷоми расмиёт ва кадом санаде рост ба пеши ҳавопаймои роҳии Дубай мебаранд ва ба ҳавопаймои ширкати «Fly Dubai” ҳамчун «бори махсус” бор мекунанд.

Танҳо як иттифоқи ғайри қобили пешбинӣ – ҳалокати 6 шоҳин ҳангоми парвоз аз Душанбе ба Дубай боис мешавад, ки ҳайъати экипажи ҳавопаймо аз ин қазия маъмурияти фурудгоҳи Дубайро хабардор кунад. Маъмурият ба навбати худ ба пулиси Имороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад ва як масири қочоқи паррандагони нодир аз Тоҷикистон ба Иморот рӯи об мебарояд.

Дар як соли охир ин бузургтарин мавриди ошкоршудаи қочоқи паррандагони нодир тавассути фурудгоҳҳои Тоҷикистон аст. Соли гузашта дар фурудгоҳи «Домодедово”-и Маскав аз як ҳавопаймое, ки аз Тоҷикистон меомад, беш аз 500 паррандаи нодир, аз қабили булбулу тӯтӣ кашф ва мусодира шуда буд.

Ба гуфтаи манбаи «Ахбор”, нақши калидиро дар қочоқи шоҳинҳои шикорӣ Мансур Умаров бозӣ мекард ва Анвар Сафаров аз идораи гумрук ва кормандони Хадамоти амнияти авиатсионӣ дар ин кор ба вай ҳамдастӣ кардаанд. Ӯ меафзояд, ин шабака дар гузашта низ ба қочоқи паррандагони нодир машғул буда, чанд бор ҳам корҳояшон ошкор шудааст, вале раҳбарони қаблии фурудгоҳ маъмулан кӯшиш мекарданд, ки чунин қазияҳо пинҳон бимонанд. Ин дафъа раиси кунунии фурудгоҳи Душанбе Исматулло Абдуллозода билофосила Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситонии нақлиётро дар ҷараён гузошт.

Мансур Умаров ва Анвар Сафаров ҳоло аз ҷониби Кумитаи амният дастгир шудаанд. Даст доштани Анвар Сафаров дар қочоқи паррандаҳои нодир тавассути сабтҳои камераҳои назоратии фурудгоҳ муяссар шудааст.

Аммо дар робита ба ин парвандаи қочоқ чандин нафари дигар, аз ҷумла Абдухолиқ, сардори басти хадамоти амнияти авиатсионӣ, ки ҳамон шаб навбатдор буд, ва худи раиси фурудгоҳ Исматулло Абдуллозода низ аз ҷониби мақомоти Кумитаи амният бозпурсӣ шудаанд.

Баъди боздошти Мансур Умаров ба маъмурияти фурудгоҳ билохира муяссар шудааст, ки манзили баҳсии ӯро дар кӯчаи Мастонгулов тахриб кунад. Умаров қабл аз боздошташ ҳамчун ҷуброн барои ин манзил аз фурудгоҳ 90 ҳазор доллар гирифта буд.

Манобеи сомонаи «Ахбор” қаблан хабар доданд, ки Анвар Сафаров, корманди гузаргоҳи гумрукии воқеъ дар фурудгоҳи Душанбе ҳанӯз ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми мусоидат ба қочоқи паррандагони нодир аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шуда, ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Манбаи «Ахбор” гуфта буд, маъмулан аз Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ шоҳини шикорӣ қочоқ мешавад, чунки дар он кишварҳо пурхаридор буда, бо нархи хеле баланд, ҳатто то 50 ҳазор доллар фурӯхта мешавад.

Шайхҳои сарватманди араб, ки шикорро дӯст медоранд, ба шоҳинҳои Осиёи Марказӣ алоқаи хосе доранд ва ҳарсол даҳҳо нафар аз кишварҳои арабӣ, асосан аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба ҷустуҷӯи шоҳини шикорӣ ба Тоҷикистон меоянд. Вале ба хориҷ баровардани ин паррандаи нодир тибқи қонунҳои Тоҷикистон хеле мушкил аст ва ба ин далел, харидорони араб барои бурдани шоҳинҳои шикорӣ роҳҳои қочоқиро меҷӯянд.

Хадамоти гумрук боздошти кормандаш Анвар Сафаров бо иттиҳоми қочоқи шоҳинҳоро тасдиқ кардааст, вале мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун ин қазияро расман шарҳ надодаанд.

Аммо манобеи «Ахбор” мегӯянд, қочоқи паррандаҳои нодир, бахусус шоҳин, як тиҷорати хеле пурфоида мебошад ва ба эҳтимоли ғолиб дар пушти Мансур Умаров ва Анвар Сафаров афроди баландпоя ва пурнуфуз истодаанд.

Аз сомонаи “Ахбор”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *