Марги шоири тоҷик бо 7 нафар пайвандонаш

Эътибор Юсуфӣ шоираи ҷавон ва шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар шоҳроҳиДушанбе Айнӣ бо 6 нафари дигар аз пайвандонаш зимни як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.

Бино баиттилоъи дӯстонаш, Эътибор Юсуфӣ бо ҳамроҳии тифлашу шавҳараш ва додару зани додару хоҳару фарзанди хоҳараш  ба садама дучор шуда, дунёро тарк гуфт.

Шоири маъруфитоҷик Исфандиёри Назар дар саҳифаи фейсбукиаш сӯгворие барои Эътибор навиштааст,  ки матни комили онро ин ҷо меорем. Маълумоти муфассал доири рӯзгори марҳум ва сабабҳоисадамаи ӯро баъдан пешниҳод хоҳем кард. Инак матни сӯгвории Исфандиёри Назар:

ОҚИБАТ ТОБУТ МАҲМИЛ БУДААСТ…

Чи хабари сангину дардноке буд: Эътибор Юсуфӣ бо ҳамроҳии тифлакашу шавҳараш ва додару зани додару хоҳару фарзанди хоҳараш мурд…

Шавҳараш –Дустиёр — фарзанди ҳамсояамон Ниёзбоқӣ буд ва пеши чашми худи ман ба воярасидааст. Мо аз қадим дар Гузари Болои деҳаи Дарғ ҳамсоя будем ва чи ҳамсояҳоихубе!

Иброҳим пайомаке фиристода буд: “… Шикасти калоне шуд. Эътибору шавҳараш Дӯстиёру тифлакаш бо хоҳарашу… ҳамагӣ дар садама фавтиданд…”

Осмон ба сарам фурӯ рехт. Чашмонамро пӯшидаму симои маъсум, вале ҳамеша аз ханда тобониЭътиборро пеши чашм овардам…

Аксаш дар миёни мавҷи ашкҳоям механдид. Ӯро ман худ ҳамчун шоир пайдо кардаам ва ман худба Душанбе овардаам, то ба таҳсил идома диҳад ва худ ӯро ба узвияти ИЖТ пешниҳод кардаму аъзои он гардид.

Ӯ мисли духтарам буд. Дар идораи рӯзномаи “ИмрӯзNews” низ ӯро ҳамчун “ҷияни Исфандиёр”мешинохтанд. Бо лабханди пур аз шарм ба идора медаромаду бо тарс сӯям менигарист, то бифаҳмад, ки авзоъи руҳиям чи гуна аст. Ман ҳамеша нисбати ӯ сахтгир будам, намехостам, ки мабодо аз касе дар бораи ӯ ҳарфи зиште шунавам.

Овардани як духтар ба шаҳр ва масъулияти ӯро ба дӯш гирифтан сангин аст. Падараш Юсуф, ки то андозае барои таҳсили духтари худ таъассуб меварзид, баъди бо лаҳни сахт гуфтугӯ карданам розӣ шуд, ки ӯро ба шаҳр барои таҳсил оварад. Аммо гуфт:“Писари тағоӣ, ҳамаи масъулияташ ба ӯҳдаатон аст!”

Гуфтам:“Ман ба ӯ боварӣ дорам ва бо сари баланд ба деҳа меояд!”

Ҳамин тавр, падараш Эътиборро ба шаҳр оварду ман ба устод Холи Раҷаб барои қабулонидани ӯ ба Донишкадаи забонҳо гапзанон кардам. Холи корбудкун барои қабул шудани ӯ мусоидат кард ва баъдан бо кӯшиши худаш ба Донишгоҳи Миллӣ гузашту таҳсилро идома дод.

Аммо то омаданаш ба шаҳр барои таҳсил, тибқи ваъдае, ки кардам, омадаму теъдоде аз ашъорашро таҳрир кардам ва аввал дар Душанбе (нашриёти “Ирфон”) ва баъди 1 моҳ ҳангоми дар Кобул буданам бори дувум дар он ҷо бо номи “Фариштаи умед” ба чоп расонидам.

Ҳоло худтасаввур кунед, ки як ҷавондухтар вақте китобаки худро ба даст мегирад, чи эҳсосе бояд ӯро фаро бигирад?

Баъдан китоби  дувуму севумаш ба чоп расид.

Устод Рустами Ваҳҳоб дар пешрафти шеъраш кумакҳо карданд. Муқаддимаи  кӯтоҳи китоби севумро низ худ навиштам…

Ҳоло чи бадбахтам, чи шӯри пешоние дорам, ки шогирдам, духтарам ба ин ҷавонӣ ва дар ибтидои роҳ бо чунин фоҷиае аз олам рафт…

Ман барои нахустин шогирдам Ҷамшедди Раҳимзод зиёд гиря кардаам…

Пагоҳ 7тобут гӯё аз як хонавода берун меояд. Русто як шоири умедбахшу ҷавони худро ба мазористони “Дашти Мазор” месупорад… “Фариштаи умед” барои абадан моро тарк гуфтааст…

«Чат»-ро боз кардам. Охирин байте, ки навишта бароям фиристодааст:

Зиндагӣ, токай маро сарсону ҳайрон мекунӣ?

Ман ҳамонойинаам, ойина ҳайрон мекунӣ…

Бояд дар бораи ӯ зиёд бинависам, ки хотироти зиёдеро дорам, аммо ин ашкҳо намегузоранду намебинам…

Алвидоъ,духтари гулу маъсумам!

Аз Иброҳиму дигар дӯстону ҳамдеҳонам мехоҳам, ки дар сари мазори ин 7 ҷавонмаргу 7 арча ҷавонроаз Тагоби оварда шинонанд, то сабз шавад…

Ва охирин калимаро дар чаташ ҳамин ҳоло навиштам: Алвидоъ…

28.07.2016

Исфандиёр,

Олмон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *