Марги тоҷикписар аз дасти ҷинояткори арманӣ
Дар баҳси муҳоҷирони тоҷику арманӣ дар наздикии истгоҳи метрои Алексеевская (шаҳри Маскав) як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон кушта шудааст.
Масъулони намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки ҳодиса шаби 14-уми август рух дод.Иброҳим Аҳмадӣ – сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст,ки Рустамҷони Хайрулло аз зарби корди як муҳоҷири арман сахт захмӣ шуда, дар бемористони рақами 71-и Маскав ҷон додааст. Ӯ 25 сол дошт.Аҳмадӣ гуфт, “ҳодиса дар ҳаммоми коргоҳи муҳоҷирон, воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои Алексеевская ба амал омадааст. Муҳоҷирони тоҷику арманӣ пас аз кор шустушӯ мекардаанд. Миёни як тоҷик ва арманӣ ҷанҷоли лафзӣ ба амал меояд. Арманӣ Рустамҷони Хайруллоро бо корд мезанад”.Ба қавли манбаъ, сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия қазияро ҷиддӣ пайгирӣ доранд. “Кормандони сафорат ва намояндагӣ аз беморхона ва Кумитаи тафтишотии ноҳияи Кунтсево дидан карданд. Муҳоҷири арман дастгир шуда, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 105-и қонуни ҷиноӣ парванда боз шудааст”, — афзуд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ