Марги з- муҳоҷир дар Руссия
Имрўз соати 8:30 дар шаҳри Кремловски дар наздики роҳи зери замини садама боиси марги се тоҷик гашт. Ба итиллои як манбаъ ронанадаи автомобил Ашуралӣ Сангов, ки айни ҳол дар вазинхона қарор дорад гуфтааст. мо худ нафаҳмидем, ки чихел автобус ба мошини мо бархўрд. Дар гардиши калони роҳи Пиётр мо ба самти фурудгоҳ барои харидани чиптаи ҳавопаймо омадаистода будем. Вақте ба ҳуш омадам, алакай маро ба беморхона интиқол додаанд.
Ашуралӣ Сангов аз марги се тоҷтики худ андўҳгин буда, иброз медорад, ки рафиқонаш зодаи Душанбешаҳр ҳастанд ва аз фалокати ба сарашон омада, дар изтироб буда, ҳодисаро њодисаи фавқултабии меномад.
Мошини зарардида, тамғаи мерсадес сечка аст. тибқи гуфтаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ронандаи тоҷик ҳамроҳи рафиқонаш се шишаи пиво ва ду шишаи дигар нўшокии спиртӣ дар мошин доштаанд. Аз рафти тафтишоти судӣ маълум гашт, ки дар гардиши гузаргоҳ ба чарогак итоат накарданаи Ашуралӣ Сангов боиси садамаи калони автомобилӣ гаштааст. Ронандаи автобус Михайликов ва мусофиронаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, айни ҳол дар беморхона қарор доранд.
Ба гуфтаи палковники калони милитсия Маралов дар ҷойи ҳодиса аз рўи ҳуҷатҳои вафтидагон ба наздиконашон дар тамос шуда, онҳоро огоҳ намудем ва одамонашон ба беморхона омада, се тоҷики дар садама ба ҳалокатрасидаро бо худ бурданд. Ба гуфтаи Маралов аз рўи Ашуралӣ Сангов парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома меёбад.
Рустам Азимов
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ