Марги зиндонии сиёсӣ дар маҳбас
Як зиндонии дигари сиёсӣ, ки чанд вақти охир аз вай дараке набуд, дар маҳбаси «Овадан-депе»-и Туркманистон вафот кард. Дар ин бора нашрияи «Хроника Туркменистана» хабар медиҳад.
Ба навиштаи нашрияи мазкур, роҳбари пешини бахши тафтишотии Кумитаи миллии амнияти Туркманистон Бегмурод Отузов ибтидои моҳи феврал вафот кардааст. Ҷасади ӯро ба наздиконаш супурдаанд.
Расонаҳо менависанд, Отузов соли 2002 ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Отузов соли 2001 муовини вилояти Лебап таъйин шуд. Ӯро 2 апрели соли 2002 ба баҳонаи «роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар давраи фаъолияташ дар Кумитаи амният» аз мақом барканор ва аз унвонҳо маҳрум карданд.
Мақомоти Туркманистон давоми 15 соли охир аз сарнавишт ва макони нигаҳдории зиндониҳое хабар намедиҳанд, ки баъди ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2002 боздошт шуданд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ