Маргталаб худро дар назди Оҷонсии иттилооти миллии мунфаҷир кард
Як маргталаб дар Кобул субҳи 25 декабр худро дар наздикии сохтмони Оҷонсии иттилооти миллии Афғонистон мунфаҷир кард. Дар натиҷа, шаш мулкӣ кушта шудааст, гуфтанд мақомоти амниятӣ. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ҳодиса дар маҳаллаи Абдулҳақ рух дод:
“Имрӯз соати 7:40 субҳ як маргталаб худро бо камарбанди дорои маводи тарканда мунфаҷир кард. Ин ҳодиса дар кӯчаи асосии Шоҳдарак рух дод”.
Нусрат Раҳимӣ гуфт, ки ин макон наздик ба даромадгоҳи Раёсати милии амният мебошад. Дар ин маҳалла инчунин сафорати ИМА ва қароргоҳи НАТО ҷойгир аст. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифта дар ин бора тавассути вебсайти “Амоқ”, ки наздик ба ҷангиён мебошад, хабаре пахш кардааст. Дар паи ин таркиш се нафар маҷрӯҳ шуда ба бемористон интиқол ёфтанд. Як сухангӯи дигари вазорати дохилаи Афғонистон гуфт, ки шаш мусофири як мошине, ки аз ҷои ҳодиса убур мекарданд, кушта шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ