Маърифати исломӣ: Ҳавзи Кавсар чӣ гуна ҳавз аст?
Бисёриҳо ҳангоми дуо мегӯянд: “Худованд аз ҳавзи Кавсар серобат кунад”. Мехостам фаҳмам, ки оби Кавсар чӣ гуна ҳавз аст ва аз куҷову кай пайдо шудааст?
Абдусаттор УМАРОВ, ноҳияи Шаҳритус
Посух:
— Пайғамбар (с) дар мобайни асҳоб нишаста, ба сукут рафтанд. Аз ин сукути Ӯ онҳо ба ҳайрат афтода, мепурсанд, ки ё Расулаллоҳ, чӣ гап шуд, ки ин ҳолат рух дод? “Алъон сураи Кавсар нозил шуд”,- гуфтанд Расули Худо ва баъдан онро қироат карданду чунин шарҳ доданд, ки “Кавсар хайри касир аст, дар он ҷо ҳавзи ман аст, Худованд онро хос барои уммати ман офаридааст. Дарозиаш муддати якмоҳа роҳ аст, рангаш аз шир сафед аст, аз асал ширин аст ва аз мушк хушбӯтар аст. Ҳар касе, ки аз ин об менӯшад, ҳаргиз ташна намешавад”.
Андешаҳо дар бораи ҷойгиршавии ҳавзи Кавсар гуногунанд. Гуруҳе бар он ақидаанд, ки он дар маҳшаргоҳ ҷойгир аст, баъзеҳо дар ҷаннат мегӯянд. Олимони саҳеҳ мегӯянд, ки оби Кавсар дар Ҷаннат аст ва бо қудрати илоҳӣ наҳр ба воситаи лӯлаҳои обгузар он обро ба маҳшаргоҳ мерасонад. Худованд ҳар касеро аз нӯшидани ин об насиб гардонад, ташнагии рӯзи қиёматро намебинад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ