Маърифати исломӣ: Ҳақи падар бештар аст ё аз модар?

Вақте ки зану шавҳар ҷудо мешаванд, “ҳақи модар бештар аст” гӯён, фарзандро бо зан мегузоранд. Мехостам донам, ки аз назари ислом ҳақи падар чӣ қадар аст ва аз чандсолагии фарзанд он бештар мешавад?

Комрон ХОЛОВ, ноҳияи Ванҷ

Посух:

— Дар сурати ҷудо шудани зану шавҳар модар ба нигаҳдорӣ ва парастории фарзанд сазовортар буда, падар нафақа ва харҷи парастории фарзандро бояд пардохт намояд. Ҳақи модар дар ҳама синну сол нисбат ба падар бештар аст, зеро модар дар зодан ва ба воя расонидани фарзанд ранҷи бештар мекашад.

Албатта, бо ин мо гуфтанӣ нестем, ки падар ҳақ надорад. Волидайн бояд ҳанӯз аз овони кўдакии фарзандонашон ҳуқуқҳои падару модарро ба эшон омӯзанд, то замони пирӣ онҳоро ҳурмату эҳтиром ва дастгирию парасторӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *