Маърифати исломӣ: Ҳукми хӯрдани гӯшти хом
Ман бо ҳамсарам дар Аврупо зиндагӣ мекунем. Дар тарабхонаҳои ин ҷо хӯрокҳое ҳастанд, ки аз гӯшти хом омода мешаванд. Шавҳари ман ин навъи таомҳоро дӯст медорад. Оё гӯшти хом ҳалол аст?
САЙЁРА, аз шаҳри Вена
Посух:
— Баъзе аз донишмандон гуфтаанд, ки хӯрдани гӯшти хом макруҳ аст, вале саҳеҳтарин дидгоҳ ин аст, ки хӯрдани он мубоҳ аст, зеро асос дар чизҳо раво будани онҳо мебошад ва ягон далеле бар манъ будани он ворид нашудааст.
Аммо ба шарте ҷоиз аст, ки зараре аз хӯрдани он ҳосил нашавад, дар ин сурат (яъне агар хӯрдани гӯшти хом зарар дошта бошад), хӯрдани он мамнуъ ва ҳаром мегардад, зеро ҳар он чизе ки зарар мерасонад, ҳаром аст, ҳамон тавре ки Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва худро бо дасти хеш ба ҳалокат наяфканед». (Сураи Бақара: 195).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ