Маърифати исломӣ: Аз телефон барои намоз сура хонам?
Синну солам аз 50 гузашту намозхониро оғоз кардам, вале фақат чанд сураи кӯтоҳро аз ёд медонаму халос. Оё иҷозат ҳаст, ки сураҳои намедонистаамро аз экрани телефон ё китоб дар вақти намоз бихонам?
ШАМСИНИСО, шаҳри Кӯлоб
Посух:
— Хоҳари азиз, шукри Худованд, ки дер ҳам бошад, ба тоату ибодат пардохтед. Агар барномаи телефонро бо як даст идора карда тавонед, танҳо дар намозҳои нофила ва таровиҳ ин амалро анҷом диҳед, аммо дар намозҳои фарзӣ ва воҷибӣ бо чунин тарз намоз гузоштан дуруст нест ва ҳатто намозро фосид мекунад.
Вале чун шумо дар оғози роҳ қарор доред, аз болои варақи китоб як муддат сураҳоро бихонед, то азёд кунед. Худованд бахшандаву меҳрубон ва доност.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ