Маърифати исломӣ: Ба одами зинда хатмро бахшам?
Шукри Худованд, соле 2-3 маротиба Қуръонро мехонаму ба арвоҳҳои гузаштагонам мебахшам. Модарам, ки шукр, ҳоло зинда ҳастанд, мегӯянд, ки ин навбат хатми Қуръонро барои эшон бахшам. Оё дар ислом ҷоиз аст, ки ба одами ҳаётбуда хатми Қуръонро бубахшем?
МУРОДАЛӢ, шаҳри Ваҳдат
Посух:
— Бародари азиз, тибқи ақидаи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат савоби ибодат, аз ҷумла савоби хатми Қуръонро ба ҳар касе, ки бахшед, дуруст аст, хоҳ зинда бошад, хоҳ мурда.
Агар мурда бошанд, “ба арвоҳи онҳо” ва агар зинда бошанд, “савоби ин ибодатро ба онҳо бахшидам” мегўед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ