абрӯ

Маърифати исломӣ: Бартараф кардани мӯи рӯй

Ман медонам, ки барои зан қошчинӣ ҷоиз нест. Оё иҷозат аст, ки зан мӯи болои лаб ё дигар ҷои рӯйро бартараф намояд? Бахусус агар зан сермӯй бошад?

ФАРИДА, шаҳри Ҳисор

Посух:

Дар Ислом барои зан фақат чидани мӯйи абрӯ ҷоиз нест. Бартараф намудани мӯи абрӯ намс аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) анҷомдиҳандаи онро лаънат кардааст ва аз ҷумлаи тағйири офариниши Аллоҳ аст, ки он амали шайтон аст. Ҳатто агар шавҳараш ӯро ба ин кор амр намояд, набояд ӯро итоат бикунад, зеро ин кор нофармонӣ аст. Итоат намудани махлуқ дар нофармонии офаридгор (Аллоҳ) ҷоиз нест, балки итоат танҳо дар корҳои хуб раво аст, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст.

Дуввум: Бартараф намудани ҳамаи мӯйҳои бадан ҷоиз аст, ба ҷуз мӯи абрӯ. Дар фатвои Кумитаи доимӣ (17/130) омадааст: «Далели бартараф намудани мӯи бадани зан, амал бар асос аст. Барои зан зарур аст, ки худро барои шавҳараш зиннат бидиҳад. Ягон далеле вуҷуд надорад, ки онро манъ кунад, ғайр аз далелҳои наҳй аз намс, ки он бартараф намудани мӯи абруҳо аст». Ҳамчунин дар он фатво (5/197) омадааст: «Ҳукми Ислом дар мавриди кандани мӯе, ки байни ду абрӯ мерӯяд, чист?”. Кумита чунин посух гуфтааст: “Кандани он ҷоиз аст, зеро он аз абруҳо нест».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *