Маърифати исломӣ: Бо ду сура намоз равост?
Дар пиронсолӣ намозхониро оғоз кардам. Вале ҳамагӣ ду сура медонам. Ҳол он ки, барои намоз донистани сураҳои зиёд зарур аст. Чӣ кор кунам? Бо ду сура намоз хонам, ҷоиз аст?
ГУЛЧЕҲРА, шаҳри Турсунзода
Посух:
— Муҳим ин ки шумо рӯ ба намозхонӣ овардед. Худованд ба шумо тавфиқ додааст, иншоолоҳ кумак ҳам мекунад. Нафароне зиёде ҳастанд, ки сарашонро ба саҷда нагузошта, тарки олам мекунанд.
Инсон бояд кӯшиш кунад, ки аз Қуръони азимушшаън сураҳои зиёдеро аз ёд кунад. Бо ду сура дар сурате намоз хондан ҷоиз аст, ки узр дошта бошад, яъне дар ҳолати зарурӣ хондани намоз равост.
Яъне, шумо бо ду сурае, ки медонед, намозро хондан гиред, вале омӯзишро идома диҳед ва сураҳои дигарро ҳам азёд кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ