Маърифати исломӣ: Бо либоси суратдор намоз хонам?
Дар бештари либосҳое, ки имрӯз мо ба бар менамоем, ягон навиштаҷот ё акси ҳайвоне ҳаст. Ман ҳам аз он либосҳо дорам. Донистан мехоҳам, ки аз назари дини мубини ислом бо чунин либос намоз хондан дуруст аст ё не?
МИРАСЛОН, шаҳри Истаравшан
Посух:
— Дар замони муосир фурӯши чунин либосҳо зиёд гашта истодааст ва ҷавонони мо аксаран аз паси мӯд давида, бе андеша онҳоро харида мепӯшанд.
Тибқи мазҳаби имом Ҳанифа (р.ҳ.) бо либосе, ки дар он сурати одам ва ё ягон ҳайвони ҷондор кашида шудааст, намоз хондан макруҳ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ