Маърифати исломӣ: Фазилати ҳамсоядорӣ кадом аст?

Ҳамаи мо ҳамсоя дорем ва гоҳо мешавад, ки муносибатамон бо ҳамсояҳо нохуб мегардад. Фаҳмидан мехостам, ки ислом вобаста ба фазилати ҳамсоядорӣ чиҳо мегӯяд?

Бахтиёр БАҲРОМОВ, шаҳри Хуҷанд

Ҷавоб:

Бояд тазаккур дод, ки ҳақи ҳамсоядорӣ дар дини мубини ислом ба ҳақи падару модар баробар аст.

Ҳамсоя се гуна аст: Якум, ҳамсояе, ки як ҳақ дорад. Ин ҳамсояи ғайри дин аст ва фақат ҳақи ҳамсоягӣ дораду халос. Дуюм, ҳамсояе, ки ду ҳақ дорад. Он ҳамсояи мусулмон аст, ки ҳақи ҳамсоягӣ ва ҳақи мусулмонӣ дорад. Сеюм, ҳамсояе, ки се ҳақ дорад. Он ҳамсояи хешованд аст, ки ҳақи мусулмонӣ, ҳақи ҳамсоягӣ ва ҳақи хешовандӣ дорад. (“Риёзун-носиҳин”, с. 239-240).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *