галстук

Маърифати исломӣ: Галстук пӯшидан равост?

Галстук мебандам ва гоҳо бо галстук ба намоз меравам, чун масҷид дар паҳлуи коргоҳам аст. Дирӯз як марди калонсол гуфт, ки галстук бастан ҳаром аст. Оё ин дуруст аст?

НАБИҶОН, шаҳри Бохтар

Посух:

Мусулмон бояд дар намуди зоҳирӣ ва либоси худ аз ғайримусулмонон фарқ дошта бошад, зеро дастури Шариъат чунин аст. Ҳамчунин мусулмон набояд либосеро, ки махсуси кофирон аст, бипӯшад. Аммо дар мавриди галстук бояд бигӯем, ки ҳеҷ боке надорад, иншоаллоҳ.

Бояд диққат кард, ки галстук аз абрешими табиӣ набошад ва ё дар он салиб ё сурати махлуқҳои зинда набошад. Зеро барои мард пӯшидани либоси абрешимӣ қатъиян манъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *