Маърифати исломӣ: Исо (а)-ро эътироф кунем, гунаҳкор мешавем?
Ман ҳамчун мусалмон намедонам, ки Исои масеҳро эътироф кунам ё не, чунки ӯ пешвои насрониён аст. Дигар ин ки, Соли нав аз рӯзи таваллуди Исо сар мешавад…
ШАҲРИЁР
Посух:
— Албатта, ҳар касе ҳазрати Исо (а)-ро қабул надошта бошад, имони ӯ комил нест ва ҳатто мусалмон ҳисоб намешавад.
Яке аз шартҳои дини мубини Ислом ҳамин аст, ки ба тамоми пайғамбарҳое, ки пеш аз пайғамбари мо — ҳазрати Муҳаммад (с) ба дунё омадаанд, имон дорем. Ягон мусалмон ҳақи инкор кардани онҳоро надорад. Агар рафту касе онро инкор кард, имони ӯ эътибор надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ