Маърифати исломӣ: Мӯйлаби дароз макруҳ аст?
Падарам мӯйлаби зебо доштанд. Ман ҳам дар пайравӣ ба эшон қариб 35 сол аст, ки мӯйлаб дорам. Вале яке аз дӯстонам мегӯяд, ки мӯйлаби дароз барои мард макруҳ аст. Оё ин ҳақиқат дорад?
САРБОЗ, шаҳри Кӯлоб
Посух:
— Мӯйлаб мондан макруҳ нест, вале он қонуниятҳои худро дорад.
Мӯйлаб бояд тарзе гузошта шавад, ки канораҳои лаб намоён бошанд, то ки дар вақти хӯрокхӯрӣ ба инсон халал нарасонад. Мӯйлаб ба мисли абрӯй бояд ба тартиб дароварда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ