Маърифати исломӣ: Никоҳи пинҳонӣ равост?
Духтареро аз дигар маҳал дӯст медорам. Ба ӯ мардонавор ваъда дода будам, ки туро ҳеҷ гоҳ намепартоям, вале акнун, ки вақти зангириам фаро расидааст, падару модарам зидди интихоби ман баромада, дӯстдоштаамро келин кардан намехоҳанд. Фаҳмидан мехостам, ки писар метавонад аз волидонаш пинҳонӣ духтареро никоҳ карда гирад ё не?
М.
Посух:
— Тибқи мазҳаби ҳанафӣ бе иҷозати волидайн низ никоҳ дуруст ҳисоб мешавад, вале бо дуои неки падару модар хонадор шудан беҳтар аст. Ҷавононе, ки бе розигии волидонашон издивоҷ мекунанд, зиндагии бобаракат намебинанд ва оқибат пушаймон мегарданд. Маслиҳати мо ҳамин аст, ки бо суханҳои нарм ва ширин дили падару модаратонро ба даст оред, то аз пайи ҷуфт кардани сари шумо ва маҳбубаатон шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ