Маърифати исломӣ: Оро додани мошини арӯсӣ бо гулҳо
Ман мағозаи арӯсӣ дорам ва барои ороиши мошин низ гул ва дигар лавозимотро мефурӯшам ва ҳам ба иҷора медиҳам. Оё оро додани мошини арӯс бо гулҳо дар рӯзи тӯй ҷоиз аст?
ШОҲСАНАМ, шаҳри Панҷакент
Посух:
— Оро додани мошини арӯс дар рӯзи тӯяш бо гулҳо ҳеҷ боке надорад, зеро асос раво будани он мебошад ва он зери чизҳое, ки арӯс, шавҳар ва аҳли оилаи онҳоро шод мегардонад, қарор мегирад, вале набояд дар ин чиз исрофкорӣ кард, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва бихӯред ва бинӯшед, вале исроф накунед, бегумон Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ