гурда

Маърифати исломӣ: Пайванди гурда дар Ислом

Мо як бемори гурда дорем ва (табибон) тасмим гирифтаанд, ки ӯ ба пайванди гурда ниёз дорад. Шахсе барои гурдааш панҷоҳ ҳазор риёл талаб кард. Оё ин кор ҷоиз аст?

ҶАЪФАР, шаҳри Ваҳдат

Посух:

«Пайванд намудани гурда барои касе, ки ба он ниёз дорад, ҷоиз аст, агар гурда бо роҳи мубоҳ ба даст оварда шавад. Барои инсон ҷоиз нест, ки гурда ва ё узве аз аъзои баданашро бифурӯшад, зеро дар ҳақи касе, ки шахси озодеро (ҳамчун ғулом) фурӯхта, пули онро мехӯрад, таҳдид омадааст ва фурӯхтани узви бадан ба он таҳдид дохил аст, зеро инсон бар бадан ва узвҳои худ моликият надорад. Барои он ки ин кор барои хариду фурӯши узвҳо василае нагардад, чунин ба назар мерасад. Ҳамчунин боиси таҷовуз ба мардуми заиф ва дуздидани гурдаҳои онҳо ба хотири пул нагардад».

«Ал-Мунтақо мин фатово»-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (3/62).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *