Маърифати исломӣ: Пайванди узв дар ислом

Модарам аз варами хатарноки ҷигар азият мекашад. Пизишкон қарор намуданд, ки ӯ ба пайванди ҷигар ниёз дорад. Ман мехоҳам қисмате аз ҷигарамро ба модарам диҳам. Ислом дар ин маврид чӣ назар дорад?

САМАРИДДИН, шаҳри Душанбе

Посух:

— Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки модаратонро шифо диҳад, офият бахшад ва ӯро бар ин имтиҳон собир гардонад ва ҳамчунин аз Ӯ хоҳонем, ки ба шумо ба хотири некӣ ба модаратон ва эҳтимом ба таҳорату намози худ подоши некӯ диҳад.

Дувум:

Аммо оид ба эҳдо кардани қисмате аз ҷигари худ ба модаратон, ин амал бо ду шарт ҷоиз аст:

1. Пеш аз эҳдо кардани он бояд аз тариқи озмоишҳои пизишкӣ собит шавад, ки ин кор ба модаратон фоида дорад.

2. Бо сабаби эҳдо намудани қисмате аз ҷигар ба шумо осебе нарасад.

Мо гумон намекунем, ки эҳдо кардани қисмате аз ҷигар ба масъалаи эҳдо намудани узвҳои бадан, ки дар ин масъала байни донишмандон ихтилофи машҳур аст, дохил мешавад. Балки ин ба масъалае, ки ба раво будани он донишмандон иттифоқ кардаанд, дохил аст, чунки ҷигар баъд аз буридани қисмати эҳдошудаи он рушд намуда, баъд аз камтарин муддат ба ҳадди камоли худ бозмегардад. Ин сухани мутахассисони бузурги соҳаи ҷигар ва пайванди он аст.

Аз ин рӯ, эҳдо кардани қисмате аз ҷигар ба эҳдо намудани хун монандӣ дорад, ки донишмандон бар раво будани он иттифоқ кардаанд, зеро хун дар бадан нав мешавад. Вале дар умум пайвандсозии пурраи узвҳои ҳаётан муҳимро ислом иҷозат намедиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *