намоз

Маърифати исломӣ. Пеш аз азон суннат хонам?

Шахсе ҳар рӯз пеш аз дигарон ба масҷид омада, соати 12:40 азон ногуфта, чаҳор ракъат суннати пешинро мегузорад. Фаҳмидан мехостам, ки оё намози ин одам дуруст аст?

САФАР, шаҳри Истаравшан

Посух:

— Азон додан барои огоҳӣ аз фарорасии вақтҳои намоз суннат аст ва он фақат барои намозҳои фарз дода мешавад, на барои намозҳои суннат. Шахс пас аз даромадани вақт, вале пеш аз додани азон намози суннатро гузорад, намозаш дуруст мешавад.

Дар китоби “Мухтасарул-виқоя” меорад: “Пас аз даромадани вақт қабл аз намозҳои фаризаи панҷгона ва низ пеш аз намози фарзи ҷумъа азон гуфтан суннат аст”. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 7).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *