Маърифати исломӣ: Рўзи наҳс кадом рўз аст?

Дар Аврупо бисёриҳо рўзи 13-уми ҳар моҳро рўзи наҳс арзёбӣ мекунанд. Мегўянд, ки дар дини Ислом ҳам ҳар як рўз хислату хосияти худро дорад. Мехостам фаҳмам, ки рўзҳои наҳс дар Ислом кадомҳоянд?

САВЛАТМОҲ, ноҳияи Восеъ

Посух:

— Ҳар рўз рўзи Худованд аст. Дар ислом рўзҳои наҳси махсусе, ки шумо дар назар доред, вуҷуд надоранд. Вақте инсон рўзеро ба маъсият мегузаронад, он барои худи ҳамон шахс рўзи наҳс аст, на барои омма. Рўзҳое, ки инсон ба тоату ибодат мегузаронад, мисли ид ҳастанд. Рўзҳои Худованд, дуруст аст, ки ҳар яке хосияти худро доранд, вале хосиятҳои нек ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *