Маърифати исломӣ: Роҳрӯб будан гуноҳ аст?

Ман роҳрӯб ҳастам. Кори ман табиист, ки аз шаб оғоз мешавад. Чанд маротиба як-ду ҳамсояи муллобашараамон ба ин кори ман эрод гирифта, гуфтанд, ки шабона аз пайи кор рафтани ман гуноҳ аст. Чӣ кор кунам?

УМЕДА, сокини пойтахт

Посух:

— Роҳрӯбӣ на айб аст, на гуноҳ. Барои пеш бурдани зиндагӣ ба ҳар шахс лозим аст, ки ба касбу кори ҳалоле машғул бошад. Машғул шудан ба коре пеши роҳи дуздию талбандагиро мегирад. Одати талбандагӣ (гадоӣ) ба инсон зиллат (хорӣ) оварда, гуноҳ аст.

Мавлавӣ Насруллоҳи Шоҳбахш дар китоби «Ганҷинаи одоби исломӣ» навиштааст: «Агар чунин мусибате пеш омад, ки ғайри талбандагӣ дигар илоҷе надорад, дар ин сурат бояд аз ашхоси худотарсу олиҳиммат, соҳибиститоъат (қудрат ва тавоноӣ дошта) талаб намояд, ки дар талаб кардан аз онҳо зиллат (хорӣ) камтар аст».

Аз талбандагӣ дида, алаф ва ҳезумфурӯшӣ ҳазорон дараҷа беҳтар аст. Зеро инҳо меҳнати ҳалоланд, ба шарте, ки аз роҳи дуздӣ набошанд. Агар бе талбидан шахси олиҳиммате ба касе пулу молеро ба унвони садақа ё туҳфа бидиҳад, дар қабули он ишколе нест. Яъне, гирифтану истифода кардан ҷоиз аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *