Маърифати исломӣ: Соли нав ва дини Ислом

Ҳамасола дар арафаи Соли нави масеҳӣ (тақвимӣ) дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки зиёда аз 90%-и онро мусулмонон ташкил медиҳанд, сарусадо бармехезад, ки оё дини ислом таҷлили ин рӯзро ҷоиз медонад ё на? Имсол низ дар остонаи Соли нав мо ба ин суол посух ҷустем.

Бархе аз рӯҳониён ба онанд, ки Соли нав аз мусулмонҳо нест. Мусулмон ду ид дорад – Қурбон ва Рамазон, ин Соли нав мавлуди Исои Масеҳ аст, ки ба мусулмонон рабт надорад. Зарурат нест, ки мусулмонон онро дар хонаи худ таҷлил кунанд.  

Воқеан, Соли нав ҷашни мусалмонҳо нест ва тибқи тақвими григорианӣ он рӯзи мавлуди Исои Масеҳ мебошад. Вале таҷлили он  ҳамчун шурӯъшавии сол мушкиле надорад. Мувофиқи шариати исломӣ ҳар иде, ки он ба ақидаи исломӣ ва ба шариати ислом ё ин ки ба фармудаҳои Худованд ягон мухолифат надорад, метавон ҷашн гирифт.

Хусусан дар мазҳаби имом Ҳанифа — ҳар урфе, ки ба шариати исломӣ муқобил ва мухолиф нест, аз нуқтаи назари илмӣ боке надорад, яъне кори гуноҳе нест.

Рӯҳонии шинохтаи Русия Шамил Аляутддинов, ки имомхатиби яке аз масҷидҳои бузурги Маскав ва муаллифи 30 китоб оид ба дини ислом аст, мегӯяд:

«Бештари онҳое, ки мухолифи таҷлили Соли нав ҳастанд таърихи пайдо шудани ин идро далел меоранд.  Маъмулан менависанд, ки як вақтҳо ин ид — иди даврони ҷоҳилият ё будпарастӣ буд, барои ҳамин ҷашн гирифтани он дуруст нест. Аз як нуқтаи назар дуруст аст, мусулмонон идҳои даврони бутпарастиро ҷашн намегиранд. Аз нигоҳи дигар бошад, бояд ба назар гирифт, ки ҳеҷ кас дар ҷомеаи мо ин идро бо монанди иди бутпарстӣ ҷашн намегирад ва ба чизе саҷда намеорад, ки ин маълум аст.

Имрӯзҳо барои тамоми сокинони олам ҷашн гирифтани Соли нав иди халқӣ ва давлатӣ гаштааст -ҷашн гирифтани ба охир расидани сол.  Рӯзҳои истироҳатиии Соли нав, ки бо баҳонаи он мардум истироҳат мекунанд ва ба наздикони худ туҳфа меоранд ва кӯдаконашонро шод мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин ҷо нишонае аз усули динӣ дида намешавад. Одамон танҳо вақташонро хубтар мегузаронанду истироҳат мекунанд. Барои ҳамин аз нигоҳи ислом бояд ҳадисеро ба назар гирифт, ки мувофиқи он тамоми амалҳои инсон аз ният вобаста аст.

Дар масъалаи ҷашн гирифтани Соли нав агар мақсади одамон ба хотири ба анҷом расидани сол ва ё омадани соли дигар дар сари дастархон ҷамъ кардани наздикон, таманниёти нек кардан, ба якдигар туҳфа намудан бошад, пас амалҳои онҳо мувофиқи ҳадиси овардашуда баҳо дода мешавад.

Дар ислом бо дӯстон истироҳат кардан, ҳамдигарро шод намудан манъ нашудааст, балки ислом ҷонибдори ин амалҳост.

Табрик намудан бо Соли нав ҳам ягон амали бад нест, балки нияти хуб нисбати касе аст, ки ҳеҷ бадие надорад.

Агар ба таҷлили Соли нав дуруст муносибат кунем, он барои ғанӣ гардонидани корҳои неки шахсии худ дар назди Худованд мешавад». Бинобар ин, дар рӯзҳои Соли нав ба кӯдаконатон туҳфа бидиҳед, пирону барҷомондагонро аёдат намуда, даст ба амалҳои хайр занед. Худованд ба шумо подош хоҳад дод. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *