Маърифати исломӣ: Суғуртаи ҳаёт

Феълан аксари инсонҳо мошин, хона ва дороиҳояшонро суғурта мекунанд. Ман ҳам мехоҳам ҳаётамро суғурта кунам. Зеро пас аз маргам дар ИМА ба фарзандонам маблағи хуб медиҳанд. Оё ислом инро иҷозат медиҳад.

СИРОҶИДДИН, тоҷики муқими Амрико

Посух:

— Аз Шайх Ибни Боз оид ба суғуртаи ҳаёт пурсиданд. Чунин посух дод: “Суғуртаи ҳаёт ва молҳо ҳаром аст ва ҷоиз нест, зеро дар он ғарар ва рибо вуҷуд дорад. Аллоҳ таъоло ба хотири раҳмат ба уммат ва ҳимояи онон аз чизҳое, ки ба онҳо зарар мерасонад, тамоми муомилаҳои рибовӣ ва муомилаҳоеро, ки дар онҳо ғарар аст, ҳаром кардааст”.

Аллоҳ таъоло фармудааст: «Аллоҳ хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст». (Сураи Бақара: 275).

Ҳадиси саҳеҳе аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, ки ӯ аз ғарар наҳй кардааст. Ғарар, яъне хариду фурӯши мубҳам ва номаълум аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *