Маърифати исломӣ: Талоқи ман раво аст?
Як моҳ пеш ба ҳамсарам ду бор гуфтам, ки «талоқат кардам». Пас аз чанд рўз дар ҳолати асабоният бо телефон гуфтам, ки «талоқат додагӣ аст, бас кун, талоқат мекунам, талоқат кардам». Як фарзанд дорам, алҳол пушаймонам. Оё мо ҳақи таҷдиди никоҳ ва идома додани зиндагии якҷояро дорем?
ХАЙРУЛЛО, ноҳияи Муъминобод
Посух:
— Пас аз воқеъ шудани се талоқ никоҳ байни зану шавҳар ҳаром аст, бинобар ин, шумо наметавонед зиндагии якҷояатонро идома диҳед.
Таъмини нафақаи зан то сипарӣ шудани иддааш ва нафақаи фарзанд то 18-солагӣ дар зиммаи шумо воҷиб аст.
Ба ҳар ҳол, барои ба дурустӣ қазоват кардан ба Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муроҷиат кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ