Маърифати исломӣ: Зани сешавҳара дӯзахист?
Ҳамсояам бори сеюм шавҳар кард. Занони ҳамсоя мегӯянд, ки агар зан аз се шавҳар ҷудо шуда, бори чорум никоҳ кунад, дӯзахӣ мешавад. Ин ҳарф дуруст аст?
САНГИНОЙ, шаҳри Душанбе
Посух:
— Дар китобҳо андешаҳои гуногуни олимон вуҷуд доранд, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин гуфтаҳо мақбул ва дастури шаръӣ ҳастанд.
Ҳазрати Абдуллоҳ Ибни Аббос (р.з) шоҳи муфассирин ба мақбараи Пайғамбар (с) ишора карда гуфтаанд, ки ба ҷуз қавли Паёмбар (с) дигар ҳама ақвол қобили қабул ва радро дорад. Чуноне аз таърихи Паёмабар (с) маълум мегардад, ба ҷуз Оишаи сидиққа (р.з) боқимондаи ҳамсаронашон бевазан ва ҳатто соҳиби фарзанд буданд. Пайғамбар (с) дар шаби меъроҷ гуфтанд, ки дидам аксари аҳли ҷаҳаннам аъзб (яъне зани бешавҳару марди беҳамсар) буданд. Ишора ба ин аст, ки Худованд мардро барои зан, занро барои мард офаридааст, ҳар як инсон то лаҳзаҳои охири худ ҳамсар дошта бошад.
Бинобар ин, агар никоҳ дар асоси шариат бошад, пас ишколе надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ