Маърифати исломӣ: Зиёрати қабри фарзанд

Фарзандгумкардаам. Ҳар ҳафта ба қабристон наравам, дилам қарор намегирад. Мегӯянд, ки модар набояд ба сари қабри фарзанд равад… Гӯё ба зиёрат рафтани ман фарзандамро дар гӯр беқарор мекунад. Дини ислом чӣ мегӯяд?

МОҲЛИҚО

Посух:

— Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) рафтани занҳоро ба қабристон аввал манъ карда буданд, вале дар охир иҷозат доданд, ба шарте, ки ризогии шавҳар бошаду меъёрҳои шариат, ки барои зан муайян кардааст, риоя шуда, зан амалҳои номашруъро анҷом надиҳад. Ба амалҳои номашруъ кандани мӯю рӯй, доду фиғон бардоштан, чок кардани гиребон дохил мешаванд.

Мо ба шумо ҳар ҳафта ба сари қабри фарзандатон рафтанро тавсия намедиҳем, вале гоҳ-гоҳ зиёрат кардан ва як каф дуо фиристодани шумо манъ нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *