Мария Шарапова аз Australian Open парид
Теннисбозбонуи номии ҷаҳон аз Русия Мария Шарапова дар марҳилаи 1/8-и мусобиқаи кушодаи Австралия (Australian Open) муҳорибаро ба варзишгари ин кишвар Эшли Барти бохта, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид.
Тавре сомонаи мусобиқа хабар медиҳад, вохӯрӣ бо ҳисоби 4:6, 6:1, 6:4 ба фоидаи Барти анҷом ёфт. Шарапова дар ин дидори тезутунд ба 51, Барти бошад, ба 45 хатогӣ роҳ доданд.
Марияи 31-сола то ба марҳилаи мазкур расидан теннисбозбонувон Каролин Вознятски, Ребекку Петерсони швед ва Хэрриет Дарти бритониро шикаст. Ӯ ғолиби мусобиқаи Australian Open дар соли 2008 гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ